Машварати шӯрои ҳамоҳангсоз

23.01.2021 16:32

22 январи соли 2021, таҳти роҳбарии муовини Губернатори вилояти Иркутск Прокопьев Анатолий Андриянович машварати корӣ бо иштироки роҳбарияти вазорату идораҳо ва ширкатҳои сохтмонии вилояти Иркутск баргузор гардид. 

Дар рафти машварат масъалаи иҷрои лоиҳаҳои миллӣ бо ҷалби муҳоҷирони меҳнатӣ аз кишварҳои хориҷи наздик муҳокима гардида, масъалаи роҳандозии хизматрасонии лозима вобаста ба пешгирии бемории COVID-19 ва таъмини ҳуқуқии будубоши онҳо баррасӣ гардид.

  Дар кори машварат Консули генералӣ ва намояндаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон фосилавӣ иштирок намуда зимни он доир ба масъалаи зикршуда суханронӣ намуданд.

Муовини Губернатори вилояти Иркутск Прокорьев А.А. аз сатҳи ҳамкориҳо бо Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори  қаноатманди намуда омодагии вилояти Иркутскро ҷиҳати рушди минбаъдаи муносибатҳо, аз ҷумла ҷалби муҳоҷирони меҳнатиро аз Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор дошт.

novosibirsk.jpg

novo1.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg