Мулоқот бо роҳбарияти вилояти Новосибирск

05.03.2021 22:09

Дар  рафти  сафари кории  Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Сатторов Имомуддин Мирзоевич ба шаҳри Новосибирск 2 марти соли 2021 бо Губернатори вилояти Новосибирск Травников Андрей Александрович ва Раиси шаҳри Новосибирск Локот Анатолий Евгеневич вохурии корӣ баргузор гардид, ки зимни он Консули генералии навтаъини Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирски Федератсияи Россия Давлатхоҷа Ятим муаррифӣ карда шуд.

Ҳамчунин, дар рафти мулоқотҳо ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷонибаро дар соҳаҳои илм, маориф, иқтисод ва фарҳанг, инчунин рушди ҳамкориҳоро байни минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Новосибирск муҳокима намуданд.

IMG-4179.jpg

IMG-4201.jpg

IMG-4184.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg