Сафари кории Консули генералӣ ба ш. Хабаровск

13.03.2021 17:13

Дар рафти сафари корӣ ба шаҳри Хабаровск, 12 марти соли 2021, Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирски Федератсияи Россия Давлатхоҷа Ятим бо Раиси Кумитаи меҳнат ва шуғли аҳолии кишвари Хабаровск Виноградов Константин Иванович вохӯрии корӣ анҷом дод. Зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкориҳои минтақавии дуҷониба, будубоши муҳоҷирони меҳнатӣ - шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар давраи паҳнгардии бемории сироятии COVID-19 фаъолияти корӣ надоранд ва зарурат ба қонунигардонии будубош доранд, ҳамчунин роҳҳои ҳалли масъалаҳои бозгашти муҳоҷирони меҳнатӣ ба Федератсияи Россия мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар вохӯрӣ Нуриддинов Ш.Н., Мутахассиси пешбари намояндагии Вазорати муҳоҷират, меҳнат ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаи федералии Сибир ва Гафарова М., Роҳбари ҷамъяити тоҷикони кишвари Хабаровск низ ишитрок доштанд.

13-03-2021.jpg

13-03-2021-2.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg