30 - 31 марти соли 2021, дар шаҳри Новосибирск бо иштироки мутахассисон ва ширкатҳои сайёҳии минтақа Форуми III сайёҳии Сибир «Вақти имкониятҳои нав», баргузор гардид.
Дар кори Форуми мазкур Муовини якуми Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Амирбекзода Ҳабибулло ва роҳбарони ширкатҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фосилавӣ иштирок намуданд.
Дар ҳошияи Форуми мазкур, Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш. Новосибирск Давлатхоҷа Ятим дар кори мизи мудаввар иштирок ва оид ба имкониятҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуд. Инчунин, бо пешниҳоди Консули генералӣ дар сомонаи Форум, навори видеоӣ вобаста ба имкониятҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагардидааст, гузошта шуд.

