Сафари корӣ ба шаҳри Бердски вилояти Новосибирск

07.04.2021 21:34

6 апрели соли 2021 вохӯрии Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш. Новосибирски Федератсияи Россия Давлатхоҷа Ятим бо Роҳбари шаҳри Бердски вилояти Новосибирск Шестернин Евгений Анатольевич, баргузор гардид.

Зимни мулоқот, ҷонибҳо муносибатҳои дуҷонибаро дар соҳаҳои илм, маориф, иқтисод ва фарҳанг байни вилоятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳри Бердск, инчунин масъалаҳои вобаста ба ташкил ва баргузории II Форуми ҷавонон: «ФР – Тоҷикистон, лоиҳаҳои ҳамгироӣ ва ҳамкориҳои фарҳангӣ», ки рӯзҳои 9-11 апрели соли 2021 баргузор мегардад, баррасӣ гардид.

Ҳамчунин, ҷонибҳо омодагии худро барои мустаҳкам намудан ва рушди минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба таъкид намуданд.

06-04-2021-1.jpg

06-04-2021-2.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg