21 майи 2021 вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО Сироҷиддин Муҳриддин бо Мудири Дафтари минтақавии Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои илм, маориф ва фарҳанг (ЮНЕСКО) дар Алмато хонум Криста Пиккат сурат гирифт.
Дар мулоқот масъалаҳои ҳамкории дуҷониба дар соҳаи амалисозии лоиҳаҳое, ки дар рушди маориф, илм, ҳифзи мероси фарҳангии моддӣ ва ғайримоддии кишвар ва мубориза бо тағйирёбии иқлим саҳми арзанда мегузоранд, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҷонибҳо баҳри густариши ҳамкориҳо дар сатҳҳои миллӣ ва минтақавӣ, алалхусус дар чорчӯби долонҳои Роҳи абрешим изҳори омодагӣ намуданд.