14 майи соли 2021, мулоқоти Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирски Федератсияи Россия Давлатхоҷа Ятим бо директори Донишкадаи идоракунии Сибир - филиали РАНХиГС Федоров Олег Дмитриевич баргузор гардид.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои таҳсили шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишкадаи идоракунии Сибир – филиали РАНХиГС ва такмили касбии мутахассисони соҳаҳои идоракунии мунисипалӣ, муносибатҳои байналмилалӣ, равобити байналмилалӣ мавриди баррсаӣ сурат гирифт.
Ҳамчунин, дар рафти мулоқот масъалаи рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои илм ва маориф байни Донишкадаи идоракунии Сибир - филиали РАНХиГС ва донишгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид гардид.