26-умин Конфронси ҷонибҳои Конвенсияи қолабии тағйирёбии иқлими СММ (COP-26)

01.11.2021 20:37

Дар пешманзари 26-умин Конфронси ҷонибҳои Конвенсияи қолабии тағйирёбии иқлими СММ (COP-26), ки қарор аст, пагоҳ дар шаҳри Глазго-и Шотландия шурӯъ шавад, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маротибаи навбатӣ дархост намуд, ки соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” эълон гардида, санаи мушаххаси “Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо” муқаррар гардад. Президент Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки Тоҷикистон аз Ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷиҳати таъсиси “Бунёди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” борҳо даъват ба амал овардааст. "Дар доираи он мо метавонем муштаракан талошу захираҳоямонро ҷиҳати иқдомоти амалӣ барои ҳифзи пиряхҳо ҳамчун манбаи асосии оби соф сафарбар намоем“, изҳор дошт Президент Эмомалӣ Раҳмон. 
Навори зерин паёмадҳои обшавии пиряхҳоро дар миқёси ҷаҳон нишон медиҳад. Ҷомеаи ҷаҳонӣ бо дарназардошти ҳисси ҷавобгарӣ дар назди наслҳои оянда масъули ҳифзи заминаҳои  бақои ҳаёти табиӣ мебошад. Фурсаташ бошад аллакай фаро расидааст.

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg