5 феврали соли 2022 дар бинои Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирск ҷаласаи Шӯрои машваратии назди Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирски Федератсияи Россия баргузор гардид.
Дар чорабинӣ кормандони Консулгарии генералӣ, намояндаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирск, роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятӣ, фаъолони диаспора ва чамъиятхои тоҷикон ширкат доштанд.
Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаро ифтитоҳ карда, ҷанбаҳои фаъолияти Шӯроро дар давраи ҳисоботӣ қайд намуда, ба аъзоёни Шӯро барои корҳои анҷомдода ва фаъолияти пурсамар изҳори сипос намуд.
Ҳисоботи муовини раиси Шӯрои машваратии назди Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирск дар солҳои 2020-2021 шунида шуд.
Дар рафти ҷаласаи мазкур доир ба густариши ҳамкориҳои иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ оид ба масъалаҳои мусоидат ба ҳалли мушкилоти муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон, роҳҳои нави мубориза бо ҷинояткорӣ бахусус дар байни ҷавонон, гузаронидани корҳои тарбиявӣ, фарҳангӣ ва варзишӣ, ҳифзу густариши забонҳои модарӣ ва русӣ дар байни насли ҷавони диаспораҳои тоҷик табодули афкор сурат гирифта. Ҳамчунин пешниҳод шуд, ки ҳамкориҳо дар заминаи баргузории чорабиниҳои муштараки фарҳангиву варзишӣ фаъол карда шаванд.
Ҳайати нави Шӯрои машваратӣ интихоб шуд, ки ба он роҳбарони созмонҳои ҷамъиятии тоҷикон, фаъолони диаспораи тоҷикон, намояндагони мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Новосибирск аккредитатсия шудаанд, инчунин намояндагони ҷамъиятҳои донишҷӯён шомил шуданд.
Дар ҷаласа Президиуми Шӯро, сохтор ва гурӯҳҳои корӣ тасдиқ гардида, лоиҳаи Низомнома ва нақшаи кории Шӯрои машваратии назди Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирски Федератсияи Россия барои соли 2022 баррасӣ ва қабул карда шуданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Новосибирск Давлатхоҷа Ятим аз иштирокчиён даъват ба амал овард, ки дар фаъолияти ҳамарӯзаи хеш тибқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амал намуда, дар чорабиниҳои ҷамъиятие, ки байни ҳамватанон гузаронида мешаванд, фаъолона иштирок намуда, барои насли наврас намунаи равшани дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ бошанд.

