Вохӯрии Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо директори Китобхонаи давлатии оммавии илмӣ-техникӣ

12.02.2022 12:40

7 феврали соли 2022 мулоқоти Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирск Давлатхоҷа Ятим бо директори Китобхонаи давлатии омавии илмӣ-техникии шуъбаи Академияи илмҳои Федератсияи Россия дар минтақаи Сибир Лизунова Ирина Владимировна баргузор гардид.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои роҳандозӣ ва рушди ҳамкориҳо байни китобхонаи номбурда бо муассисаҳои дахлдори Тоҷикистонро баррасӣ намуда, доир ба ҳамкориҳои мутақобила ҷиҳати таҳияи лоиҳаҳои муштарак, танзими вохӯриҳо миёни коршиносон, инчунин баргузории чорабиниҳо табодули назар намуданд.

Пешниҳод гардид, то байни Китобхонаи давлатии омавии илмӣ-техникии шуъбаи Академияи илмҳои Федератсияи Россия дар минтақаи Сибир ва Китобхонаи миллии Тоҷикистон ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расонида шавад.

Дар фарҷоми вохӯрӣ ба китобхона китобҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, асарҳои илмию таърихии бахшида ба фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин китобҳо дар бораи дастовардҳои ҷумҳурӣ дар даврони истиқлолият, таъриху фарҳанги Тоҷикистон тақдим карда шуд, ки дар намоишгоҳи доимии китобҳо, ки ифтитоҳи он 10 феврали соли равон дар Китобхонаи давлатии омавии илмӣ-техникӣ баргузор гардид, ба намоиш гузошта шуданд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg