Сафари кории Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирск ба Красноярск

14.02.2022 09:41

Аз 9 то 12 феврали соли 2022 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирск Давлатхоҷа Ятима ба шаҳри Красноярск сафари корӣ анҷом дод. Дар ин сафар ӯро намояндаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Сибир ва Шарқи Дур ва корманди Консулгарии генералӣ ҳамроҳӣ карданд..

Мақсад аз сафари мазкур иштирок дар мизи мудаввар оид ба рушди муносибатҳои байналмилалии минтақаҳои Сибири Енисей ва пазирои ба муносибати таҷлили Рӯзи кормандони дипломатӣ, инчунин анҷом додани мулоқотҳо бо мақомоти расмии кишвари Красноярск, донишҷӯёни тоҷик, ки дар мактабҳои олии ин шаҳр ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, инчунин роҳбарони диаспораҳои тоҷик ва муҳоҷирони меҳнатӣ буд.

Дар ҳошияи ин сафар 9 феврали соли 2022 мулоқоти Консули генералӣ бо иҷрокунандаи вазифаи роҳбари мақомоти намояндагии минтақавии Вазорати корҳои хориҷии Россия дар шаҳри Красноярск А.Захаров баргузор гардид, ки дар рафти он ҳамкориҳои кунунии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишвари Красноярск ва дурнамои рушди ҳамкорӣ, инчунин танзим ва баргузории чорабиниҳо бахшида ба 30-умин солгарди барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Худи ҳамон рӯз Консули генералӣ бо роҳбарони диаспораҳои тоҷикон, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва фаъолони онҳо, инчунин роҳбарияти ҶДММ «АмурСтроймонтаж» ва муҳоҷирони меҳнатӣ аз ҷумлаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ин ширкат кор мекунанд, вохӯриҳои корӣ анҷом дод.

10 феврал Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ректори Донишгоҳи давлатии аграрии Красноярск, инчунин донишҷӯёни дар муассисаҳои олии таълимии шаҳри Красноярск аз ҷумлаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсилкунанда мулоқот намуд. Зимни мулоқот рушди минбаъдаи ҳамкориҳо оид ба масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, инчунин раванди таълим, шароити будубоши донишҷӯёни тоҷик баррасӣ шуд. Консули генералӣ зимни вохӯрӣ бо донишҷӯён аз онҳо даъват ба амал овард, ки дар фаъолияти ҳамарӯзаи хеш тибқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амал намуда, дар чорабиниҳои ҷамъиятие, ки байни ҳамватанон гузаронида мешаванд, фаъолона иштирок намуда, намунаи равшани дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ бошанд.

Ҳамзамон рӯзи 10 феврали соли 2022 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатхоҷа Ятим бо сардори раёсати робитаҳои хориҷии губернатори кишвари Красноярск В.Коростелева мулоқот намуд, ки зимни он масъалаҳои таҳкими равботи тиҷоратию иқтисодӣ ва гуманитарӣ, вусъат бахшидани ҳамкориҳои байниминтақавӣ, инчунин дигар масоили мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мавриди муҳокима қарор дода шуданд.

Зимни пазироии - Рӯзи кормандони дипломатӣ, ки 10 феврали соли 2022 дар Намояндагии дипломатии Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Рссия дар Красноярск баргузор гардид, Консули генералӣ бо Вазири рушди иқтисоди Ҷумҳурии Хакасия Богушевич Виктор Николаевич ва иҷрокунандаи вазифаи вазири муносибатҳои иқтисоди хориҷии Ҷумҳурии Тива — Докан-оол Ариадна Адигжиевна мулоқотҳо доир намуд. Дар вохӯриҳои зикршуда масъалаҳои таҳким ва таъмиқи ҳамкориҳо дар соҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, сайёҳӣ, фарҳанг, маориф ва ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

11 феврали соли 2022 Консули генералӣ бо роҳбари Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии кишвари Красноярск Новиков Виктор Василевич мулоқот намуд. Зимни мулоқот масъалаҳои вобаста ба ҷалби ташкили дастаҷамъонаи муҳоҷирони меҳнатӣ ва ҳамкории минбаъда оид ба ин масъала, инчунин бо кор таъмин намудани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвари Красноярск, ҳаёт ва фаъолияти диаспораи тоҷик, мутобиқшавии иҷтимоию фарҳангии тоҷиконе, ки ба фаъолияти муваққатии меҳнатӣ машғуланд, баррасӣ гардиданд.

Ҳамчунин рӯзи 11 феврал Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Новосибирск Давлатхоҷа Ятим дар мизи мудаввар оид ба рушди муносибатҳои байналмилалии минтақаҳои Сибири Енисей иштирок ва суханронӣ намуд.

Дар доираи сафари кории зикргардида 10-12 феврали соли 2022 қабули консулӣ оид ба таҳияи шиносномаҳои биометрии хориҷии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg