Ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои машваратӣ

02.03.2022 18:49

2 марти соли 2022 дар бинои Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирск ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои машваратии назди Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирск баргузор гардид.

Дар чорабини кормандони Консулгарии генералӣ, намояндаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирс, роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятӣ, фаъолони диаспора ва чамъиятхои донишҷӯён ширкат доштанд.

Дар мулоқот масъалаҳои вобаста ба фаъолияти меҳнатӣ ва шароити зиндагии шаҳрвандони Тоҷикистон дар Россия, таҳкими минбаъдаи иқтидорӣ ҷавонони донишҷӯ, ҷалби ҷавонон ба ҳаёти фаъоли диаспораҳои тоҷикони минтақа ва пешгирии ҷинояткорӣ дар миёни ҷавонон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҳамзамон зимни вохӯрӣ масъалаҳои ташкил ва таҷлили ҷашни байналмилалии «Наврӯз», баргузории чорабиниҳо бахшида ба 30-умин солгарди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 30-умин солгарди барқарории муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Россия матраҳ гардиданд.

Консули генералӣ дар суханронии худ аз ҳозирин даъват ба амал овард, то дар чорабиниҳои дар пешистода фаъол ва созанда буда, ҳамкориҳо байни иттиҳодияҳои ҷамъиятиро густариш дода, дар ҳалли мушкилоти ба миёномадаи муҳоҷирони меҳнатӣ сари вақт мусоидат карда, ташаббусҳо дар мавриди таҳкими сулҳу иттифоқ байни миллатҳо дар хоки давлати иқоматро татбиқ намуда, фаъолияти маънавию-маданӣ ва варзишӣ дар байни ҷавоноро амалӣ намоянд.

IMG-9661.jpg

IMG-9659.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg