Видеоконфронс байни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Китобхонаи давлатии омавии илмӣ-техникии шуъбаи Академияи илмҳои Федератсияи Россия дар минтақаи Сибир

04.03.2022 18:31

4 марти соли 2022 бо ташаббуси Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирск мулоқоти корӣ байни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Китобхонаи давлатии омавии илмӣ-техникии шуъбаи Академияи илмҳои Федератсияи Россия дар минтақаи Сибир дар шакли маҷозӣ баргузор гардид.

Дар кори чорабинии мазкур аз ҷониби Тоҷикистон сардорони шӯъбаҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон таҳти роҳбарии директори он Файзализода Ҷумъахон ва аз ҷониби Россия таҳти роҳбарии директори Китобхонаи давлатии омавии илмӣ-техникии шуъбаи Академияи илмҳои Федератсияи Россия дар минтақаи Сибир Лизунова Ирина Владимировна ширкат доштанд.

Дар мулоқот доираи васеи масоил, аз ҷумла таъмиқ ва таҳкими ҳамкориҳо байни ду китобхона, таҳияи лоиҳаҳои муштарак, ташкили вохӯриҳои коршиносон, баргузории чорабиниҳои муштарак, инчунин таҳия ва ба имзо расонидани ёддошти тафоҳуми дахлдор оид ба ҳамкорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

20220304-141227.jpg

20220304-181925.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg