Вохӯри бо муҳоҷирони меҳнатӣ

05.03.2022 20:33

5 марти соли 2022 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирск Давлатхоҷа Ятим бо гурӯҳи намояндагони муҳоҷирони меҳнатӣ аз ҷумлаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар соҳаи хизматрасонӣ дар  шаҳри Новосибирск фаъолият мекунанд, вохӯри анҷом дод.

Ҳадаф аз мулоқот шиносои аз шароити кор ва будубоши муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар шаҳри Новосибирск ва дигар масъалаҳои марбут ба фаъолияти онҳо буд.

Зимни вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба шароити будубош, мушкилот дар ба расмиятдарории аснод ва бақайдгирии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми ворид шудан ба Федератсияи Россия, инчунин мушкилоти мавҷудаи ҳуқуқӣ ва маишии меҳнатӣ табодули афкор сурат гирифт. Ба шаҳрвандон роҷеъ ба тағйиротҳои асосии дар қонунгузории Федератсияи Россия дар соҳаи муҳоҷират тавзеҳ дода шуд.

Консули генералӣ зимни суҳбат бо ҳамватанон дар бораи тадбирҳои андешидашудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳалли масъалаҳои марбут ба муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои онҳо дар Россия маълумот пешниҳод намуда, таваҷҷуҳи хосса ба масоили пешгирии содирнамоии ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷиноят аз ҷониби муҳоҷирони меҳнатӣ дода шуд. Ҳамзамон, зимни  вохӯрӣ аҳамияти таърихии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноил шудан ба сулҳу ваҳдати миллӣ, таъмини суботу амният, бунёду таҳкими пояҳои давлатдории тоҷикон ва татбиқи барномаҳои созанда дар кишвар қайд карда шуд.

Дар фарҷоми вохӯрӣ Консули генералӣ аз ҳозирин ҷиҳати иштироки фаъол дар чорабиниҳои дарпешистода бахшида ба таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ва 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамкорӣ намудан бо иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва риояи қонун, расму анъанаҳои кишвари мизбон даъват намуд.

IMG-9701.jpg

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg