21 августи 2020 машваратҳои сиёсӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон таҳти роҳбарии муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зоҳир Саидзода ва муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон Марат Сиздиков дар сиғаи видеоконфронс баргузор гардид.
Ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Қазоқистонро дар заминаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ баррасӣ намуда, перомуни масъалаҳои тақвияти ҳамкориҳои ду кишвар дар мубориза бо ҳамагирии Ковид-19 ва дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ мубодилаи афкор намуданд.
Зимни ройзаниҳои сиёсӣ омодагӣ ва рағбати тарафайн ба густариши бештари муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории стратегӣ байни Тоҷикистону Қазоқистон дар ҳамаи соҳаҳо таъкид гардид.
Манбаъ: https://www.mfa.tj/tg/main/view/6339/roizanihoi-sijosi-baini-vazorathoi-korhoi-khorijii-tojikiston-va-qazoqiston