Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибатҳои дипломатиро бо Ҷумҳурии Қазоқистон 7 январи соли 1993 барқарор намуда, моҳи июни ҳамон сол намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар ин кишвар ба фаъолият шурӯъ кард. Намояндагии дипломатии Ҷумҳурии Қазоқистон дар шаҳри Душанба аз соли 1998 фаъолият дорад.
Аз оғоз ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба байни Тоҷикистону Қазоқистон дар фазои мутақобилан судманд ва ҳусни тафоҳум ҷараён гирифта, алъон дар ҳоли рушду инкишофи сатҳи баланд қарор доранд. Дар баррасии масъалаҳои муҳими дорои моҳияти байналмиллалӣ ва минтақавидошта мавқеи ҷонибҳо ҳамоҳанг буда, тарафҳо асосан мавқеи наздик ё ба ҳам мушобеҳ доранд.
Дар ин замина боздидҳои сарони давлатҳо аз кишварҳои якдигар ба рушди муносибатҳо такони мусбат бахшида, таҳкимгари пояи шартномавию ҳуқуқии ҳамкориҳо гардидаанд. Ҳамин тариқ, дар натиҷаи ташрифи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Қазоқистон дар соли 1993 санади асосӣ «Аҳднома дар бораи заминаи муносибатҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон» ва зимни сафарҳои минбаъдаи Президенти кишвар ба ин кишвар дар солҳои 1995, 2006 ва 2008 маҷмӯи санадҳои фарогири бахшҳои иқтисодию фарҳангӣ байни ду давлат ба имзо расид.
Ташрифи расмии аввалини Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2000, яке аз рӯйдодҳои муҳим дар таърихи муносибатҳои ду кишвар ба ҳисоб меравад, ки дар рафти он санадҳои байниҳукуматию байниидоравии алоқаманд ба соҳаҳои сиёсию иқтисодӣ, илмию маърифатӣ ва гумрук ба имзо расиданд.
Санадҳои дигари муҳим оид ба ҳамкории тарафайн дар бахшҳои фарҳангу санъат, маориф, савдою сармоя ва кишоварзӣ, ки дар ҷараёни сафари расмии Президенти Қазоқистон ба Тоҷикистон дар моҳи сентябри соли 2007 ба имзо расиданд, таҳкимбахши раванди муносибатҳои дуҷониба гардиданд.
Тоҷикистон ва Қазоқистон бо мақсади ҳалли самарабахши масъалаҳои аввалиндараҷа ва таъмиқи минбаъдаи ҳамкории дуҷониба, таҳкурсии институтсионалии устувор — Шӯрои Ҳамоҳангсозии байнидавлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон, Шӯрои Вазирони корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистонро таъсис доданд.
Ҷаласаҳои Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷорию иқтисодӣ, ки солҳои 1998, 2001, 2004, 2006, 2007, 2008, 2009, 2011, 2012 доир шуданд, ҳолати муносибатҳо ва амалишавии санадҳои қаблан имзошударо баррасӣ намуда, самтҳои равобити дуҷонибаро боз ҳам васеътар гардониданд.
Алҳол асоси шартномавию ҳуқуқии муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қазоқистонро беш аз 75 санад ташкил медиҳад. Санадҳои мазкур асосан фарогири самтҳои муҳими ҳамкориҳо, аз ҷумла, сиёсию иқтисодӣ, сармоягузорию андозбандӣ, бонкӣ ва гумрукӣ, инчунин ҳарбӣ ва ҳарбию техникӣ буда, густариши фаъолонаи муносибатҳои минбаъдаро таъмин менамоянд.
Ҳамдигарфаҳмию ҳамоҳангсозии мавқеҳои ҳарду давлат, ҳамчунин дар доираи созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, аз қабили СММ, ИДМ, Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ЕврАзЭС), СААД ва СҲШ дар шакли ҳамкории зич ифода мегардад.
Асоси ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистону Қазоқистонро соҳаҳои саноати сабук, металлургияи ранга, энергетика, нақлиёт, коммуникатсия ва бахши кишоварзӣ ташкил медиҳад. Тоҷикистон ба Қазоқистон электроэнергия, пахта, алюминий ва анвои мухталифи маҳсулоти кишоварзиро содир намуда, аз ин кишвар гандум ва маҳсулоти он, маҳсулоти нафтӣ, оҳан ва нуриҳои минералӣ ворид менамояд.
Зимни сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 12-13 сентябри соли 2007 аз ҷониби роҳбарони ҳарду давлат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомали Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев масъалаи ташкили «Фонди сармоягузориҳои мустақими Тоҷикистону Қазоқистон» ба мувофиқа расид, ки мақсад аз он татбиқи амалии лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар қаламрави ҳарду кишвар ва хориҷ аз онҳо мебошад.
Қобили зикр аст, ки самти ҳамкориҳои фарҳангию башардӯстонаи Тоҷикистону Қазоқистон дар сатҳи вусъатёбанда рушд ёфта, он ҳамаҷониба мавриди дастгирии мардуми ба ҳам дӯсти ҳарду кишвар мебошад.
Умуман, ҷараёни инкишофи ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва гуманитарии байни Тоҷикистону Қазоқистон бо назардошти манфиатҳои мутақобилан муфид ба роҳ монда шуда, дар ин асос муносибатҳои дуҷонибаи сиёсӣ мустаҳкам мегарданд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки саъю кӯшиши ҳамкориҳои дутарафа тараққӣ ва инкишоф ёфта истодааст.
14 сентябри соли љорї сафари расмии Президенти Љумњурии Қазоқистон Н. Назарбоев ба Љумњурии Тољикистон сурат гирифт. Зимни мулоқоти хоса ва музокироти расмӣ бо иштироки ҳайатҳо, масоили вобаста ба густариши робитаҳои сиёсӣ, ҳарбию амниятӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, илмию техникӣ ва фарҳангию марифатӣ мавриди муҳоқима қарор доданд. Масъалаи ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирон ва танзими шароити беҳтари ҳуқуқии будубоши муваққатии онҳо миёни ҷонибҳо баррасӣ гардид. Таъкид гардид, ки ҳамгироии муштараки дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Қазоқистон бояд тақвият дода шавад.
Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти расмӣ дар ҳузур ва бо иштироки сарони ду давлат шаш санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.
Аҳднома оид ба шарики стратегӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон аз ҷониби Президентони ду кишвар ба имзо расонида шуд.
Дар баробари Аҳдномаи мазкур боз панҷ санади ҳамкориҳои дуҷониба ба имзо расонида шуд, ки миёни онҳо:
- Созишнома байни Њукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Њукумати Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба њамкорї дар соњаи њимояи техникии иттилоот;
- Барномаи њамкорӣ байни Вазорати корњои хориљии Љумњурии Тољикистон ва Вазорати корњои хориљии Љумњурии Қазоқистон;
- Протокол оид ба ворид намудани таѓйиру иловањо ба Созишнома байни Њукумати ЉТ ва Њукумати ЉҚ оил ба фаъолияти мењнатї ва њифзи њуқуқи муњољирони мењнатї — шањрвандони Тољикистон ва Қазоқистон, ки муваққатан дар њудуди ду кишвар кор мекунанд (аз 4 майи соли 2006);
- Протокол оид ба ворид намудани таѓйиру иловањо ба Созишнома байни Њукумати ЉТ ва Њукумати ЉҚ оид ба ҳамкорӣ дар соњаи маориф (аз 13 июни соли 2000);
- Созишнома байни Кумитаи љавонон, варзиш ва сайёњии назди Њукумати Љумњурии Тољикистон ва Вазорати сайёњї ва варзиши Љумњурии Қазоқистон оид ба њамкорї дар соњаи варзиш ва тарбияи љисмонї.
Зимни нишасти матбуотӣ сарони ду давлат аз натиҷаҳои мулоқоту музокирот изҳори қаноат карда, ба дурнамои муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории судбахши ду кишвар, бахусус дар робита ба эълони шарики стратегии Тоҷикистону Қазоқистон, баҳои баланд доданд.
Таъкид карда шуд, ки ҳарду кишвар муносибатњои зичї њамкориро дар чорчуби созмонњои бонуфузи байналмилалї, аз қабили САЊА, СММ, СЊШ, СЊИ ва ѓайра ба роњ мондаанд.
Президенти Љумњурии Тољикистон, Љаноби Олї, муњтарам Э. Рањмон аз Н. Назарбоев барои таваљљуњи хоса зоњир намуданаш ба рушди њамкорињои дуљониба сипосгузорӣ намуда, изњори боварї кард, ки сафари мазкур ба муносибатњои дуљониба такони љиддї хоњад бахшид.
Н. Назарбоев Тоҷикистонро «шарики муҳими стратегии Қазоқистон» номида, изҳор дошт, ки барои таҳким ва густариши минбаъдаи чунин шарикӣ аз тамоми имкону захираҳои мавҷуда пурсамар истифода хоҳад кард. Ӯ хамчунин қайд намуд, ки Қазоқистону Тољикистонро бо ҳам муносибатњои дӯстии анъанавї, эњтироми тарафайн ва боварї мепайвандад. Миёни кишварњо ихтилоф, чї дар соњаи сиёсат ва иқтисодиёт вуљуд надорад. Сарвари Қазоқистон Тољикистонро кишвари бародар номида, таъкид намуд, кишвараш барои рушди устувори ҳамкорӣ бо Тоҷикистон манфиатдор мебошад.
Сафари расмии Президенти кишвар Н.Назарбоев ба Љумњурии Тољикистон аз љониби тамоми ВАО Қазоқистон пурра интишор гардид.
ВАО-и Қазоқистон сафари мазкурро дар сањифањои аввали худ љой дода, дар мақолањои худ таваљљуњи хоса ба сиёсати ягонаи дўстона ва шариконаи Қазоқистону Тољикистон, ки аз рўзњои аввали соњибистиқлолї дар доираи њусну тафоњум ва боварї ба якдигар сурат гирифтааст, зоњир намуданд.
Вобаста ба њодисањое, ки аввали моњи сентябр дар Тољикистон рух доданд, ВАО-и кишвари иқомат гуфтањои Н. Назарбоевро: «Бинобар њамсарњад буданаш бо Афѓонистон, Тољикистон дар пешсафи мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм қарор дорад. Ман боварї дорам, ки њодисањое чоруми сентябр дар Тољикистон рухдода, бе таъсири қувваи беруна ба вуқуъ наомадааст» ба чоп расонданд.
Диққати махсус ба минатдории Президенти Қазоқистон аз љониби Тољикистон ҷиҳати дастгирии номзадии Қазоқистон ба аъзогии ѓайридоимии Шўрои амнияти СММ ва аз ишѓол намудани мавқеи конструктивии Тољикистон вобаста ба масъалањои обу энергетика, нақши Тољикистон бар зидди терроризми байналмилалї дода шудааст.
Дар охир умеди боварї карда шудааст, ки санади муњими дуљониба «Ањднома оид ба шарикии стратегї» ва дигар њуљљатњо, ки дар рафти сафари мазкур ба имзо расиданд ба муносибатњои дуљониба байни ду кишвар таъсири мусбӣ мерасонанд.
Бо мақсади рушд додани њамкорињои байнипарлумонї миёни ду кишвар, бо қарори Шўрои Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии ЉТ (№60 аз 27.04.2015) Гуруњи дўстї ва њамкории байнипарлумонї ё Комиссияи парламентии байнипалатавї бо Маљлиси Парлумони Љумњурии Қазоқистон таъсис дода шуд. Ба њайати ин гуруњ чор вакил Қаландарзода М. С. – роњбари гуруњ, Њакимов О.М., Абдуалимов Б.А., Амрихудои Д. шомил мебошанд.
Моҳи феврали соли ҷорӣ сафари Муовини аввали Вазири корҳои хориҷии Қазоқистон, Комиссари миллии Қазоқистон доир ба ЭКСПО-2017 Рапил Жошибаев ба Тоҷикистон доир гардид. Зимни сафар, ӯ бо Муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон П. Давлатзода ва як қатор шахсони воломақоми кишвар мулоқот анҷом дод. Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои омодагӣ ба сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, ташкили Рӯзҳои фарҳангии Қазоқистон дар Тоҷикистон ва бизнес-форуми соҳибкорони ду кишварро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар рафти суҳбат Р. Жошибаев омодагии ҷониби Қазоқистонро барои иштирок дар сохтмони неругоҳҳои хурду миёна дар Тоҷикистон баён намуд.
19-20 марти соли 2015 дар ш. Душанбе ҷаласаи 12-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ баргузор гардид. Дар рафти мулоқот ҷонибҳо оид ба раванди ҳамкориҳои гуногунҷабҳаи иқтисодии Тоҷикистону Қазоқистон ва самтҳои ҳамкориҳои ду кишвар мубодилаи афкор намуданд. Тибқи маълумоти оморӣ ҳаҷми гардиши савдои Тоҷикистону Қазоқистон дар соли 2014 858,8 млн. доллари ИМА-ро, ки аз ин 177,7 млн. доллари ИМА содирот ва 681 млн. доллари ИМА воридотро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 147 млн. доллари ИМА ё 20,7% афзоиш ёфтааст.
Дар давраи солҳои 2007-2014 аз Ҷумҳурии Қазоқистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми 522,7 млн. доллари ИМА сармояи хориҷӣ ҷалб гардидааст, ки аз он 105 млн. доллари ИМА сармояи мустақим мебошад. Танҳо дар соли 2014 Қазоқистон ба иқтисодиёти Тоҷикистон 41,9 млн. доллари ИМА сармоягузорӣ намудааст.
Гардиши мол байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон дар моҳҳои январ-сентябри соли 2015 — 506284,2 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки аз ин содирот – 115091,9 млн. доллари ИМА ва воридот – 391192,3 млн. доллари ИМА мебошад. Қазоқистон дар савдои берунаи Тољикистон байни кишварњои ИДМ баъд аз Россия љои дуюмро касб намудааст.
Бо сармояи Қазоқистон дар Тоҷикистон беш аз 50 корхонаҳои муштарак фаъолият доранд. Ҳамкориҳои дуҷониба соҳаҳои тиҷорат ва иқтисод, сармоягузорӣ, энергетика, саноат, муҳоҷирати меҳнатӣ, маориф ва илм, фарҳанг, варзиш ва сайёҳӣ, нақлиёт ва ҳифзи муҳити зистро дар бар мегирад.
Аз натиҷаи ҷаласаи мазкур Протоколи 12 Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ ба имзо расид.
14-15 майи соли ҷорӣ дар ш. Душанбе вохӯрии гуруҳи кории ҳуқуқшиносон-мутахассисони соҳаи шартномавӣ-ҳуқуқии Вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид, ки зимни он ҷонибҳо инвентаризатсияи ҳуҷҷатҳои баимзорасидаи байни Тоҷикистону Қазоқистонро гузарониданд.
28-29 майи соли 2015 дар шаҳраки Бурабай вилояти Акмола, вохӯрии навбатии сарвазирони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид, ки дар кори он Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қ.Расулзода иштирок намуд. Дар ҳошияи ин чорабинӣ ӯ бо сарвазирони Ҷумҳурии Белорус ва Ҷумҳурии Қирғизистон вохӯриҳои дуҷониба гузаронид.
4 июни соли 2015 дар ш. Душанбе бо ташаббуси Палатаи савдои Тољикистон ва Агентии миллї оид ба воридоти сармоя Kaznex Invest вазорати саноат ва технологияи нави Қазоқистон бизнес форуми 5 соҳибкорони Тоҷикистону Қазоқистон баргузор гардид, ки дар он соњибкорон аз Тољикистон, Қазоқистон, Туркия, Афѓонистон, Эрон ва ғайра ширкат намуданд. Ҳайати соҳибкорони қазоқистониро намояндагони беш аз 20 корхонаҳои содироткунанда дар соҳаи филизгудозӣ, мошинсозӣ, сохтмон, электротехникӣ, озуқаворӣ, кимиё, кишоварзӣ, тандурустӣ ва дорусозӣ муарифӣ намуданд.
Аз натиҷаи бизнес форум миёни ширкату соҳибкорони Тоҷикистонию Қазоқистонӣ шартномаҳои ҳамкории муштарак ба маблағи 60 млн. доллари ИМА ба имзо расонида шуд.
15 ва 16 октябри соли 2015 дар ш. Остона ва деҳаи Бурабай, вилояти Акмола ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои ИДМ ва иҷлосияи навбатии Сарони давлатҳои аъзои ИДМ баргузор гардид, ки дар рафти он Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Аслов ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок намуданд.