Ширкати Вазири корҳои хориҷӣ дар чорабинии сатҳи баланди ЮНЕСКО

03.12.2015 11:02

2 декабри соли 2015 дар Париж Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов дар чорабинии сатҳи баланди ЮНЕСКО дар мавзӯи “Об, мардум ва ҳамкорӣ: 50 соли барномаҳои марбут ба оби ЮНЕСКО барои рушди устувор”, ки аз ҷониби ЮНЕСКО дар чаҳорчӯби Конфронси тарафҳои Конвенсияи сиғавии СММ роҷеъ ба тағйирёбии иқлим (СОР-21) баргузор гардид, ширкат кард.

Зимни суханронӣ дар чорабинӣ С. Аслов ширкати фаъолонаи сохторҳои ЮНЕСКО-ро дар таҳия, татбиқ ва арзёбии иқдомоти ҷаҳонии Тоҷикистон, аз қабили Соли байналмилалии оби тоза, 2003, Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013 ва Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”, 2005-2015 таъкид кард.

С. Аслов аз ниҳодҳои дахлдори СММ, ба вежа ЮНЕСКО ва барномаҳои марбут ба оби он даъват кард, ки бо ҳамкориро бо Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати таҳия ва татбиқи Даҳсолаи нави байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, ки аз ҷониби Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми 7-уми ҷаҳонии об моҳи апрели соли 2015 пешниҳод гардида буд,  идома бахшанд.

Ширкати Вазири корҳои хориҷӣ дар чорабинии сатҳи баланди ЮНЕСКО

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg