Ташрифи намояндагони Маркази байналмилалии иттилоотӣ-шабакавӣ оид ба мероси ғайримоддии фарҳангӣ барои минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором (ICHCAP), Низоми пахши барномаҳои таълимии Корея (EBC) ва Маркази фарҳанги Осиё (ACC) ба Ҷумҳурии Тоҷикистон

13.03.2017 12:42

13 марти соли 2017 гурӯҳи корӣ дар ҳайати 8 нафар аз ҷониби Маркази байналмилалии иттилоотӣ-шабакавӣ оид ба мероси ғайримоддии фарҳангӣ барои минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором (ICHCAP) – Маркази категорияи 2-и ЮНЕСКО дар якҷоягӣ бо Низоми пахши барномаҳои таълимии Корея (EBC) ва Маркази фарҳанги Осиё (ACC) ҳамчун воситаи ҳифз ва пешбурди мероси ғайримоддии фарҳангӣ Консорсиум оид ба таҳияи филмҳои мустанад бо мақсади таҳия намудани филми мустанад оид ба “Наврӯз” ва “Мақом” ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.
Ҳайати мазкур дар Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо коршиносон оид ба мероси ғайримоддии фарҳангӣ мусоҳиба гузарониданд.

14 марти 2017 ҳайати зикршуда дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷураев сурудани “Шашмақом”-ро, ки яке аз қадимтарин мусиқии суннатии мардуми таронадусти тоҷик ба шумор рафта, дар ҳаёти фарҳангию маънавии мо нақши бузургеро дорост, дар иҷрои сарояндагону навозандагони  Академияи мақом ва Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба навор гирифта шуд.

Инчунин рӯзи 15 март гурӯҳи корӣ ба шаҳрҳои Хуҷанд ва Исфараи  Вилояти Суғд сафар намуданд. Рӯзи 16 март ҳайати зикршуда сарояндагону навозандагони ансамбли “Нури Хуҷанд”- ро ба навор гирифта, филми мустанадро оид ба “Мақом” анҷом доданд.

17 марти соли 2017 гурӯҳи корӣ бо намояндагони Шуъбаи фарҳанги шаҳри Исфара вохӯрӣ гузаронида, дар асоси нақшаи тасдиқгардида филми мустанадро оид ба расму оинҳо, суннатҳову маросимҳо ва анъанаҳои мардумии қадимтарини ҷашни Наврӯзӣ (хонабаророн, суманакпазӣ, орохтани дастархони ҳафтсину ҳафтшин, идгардак, бозиҳои бачагонаи Наврӯзӣ, бозиҳои варзишӣ) дар давоми 8 рӯз ба навор гирифтанд. Ҳангоми сафар ҳайатро корманди Шуъбаи ЮНЕСКО ҳамроҳӣ намуд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg