Хайрулло Ибодзода

01.10.2019 11:37

H-Ibodzoda-282x300.jpg

Хайрулло Ибодзода

Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон

24 феврали соли 1967 дар шаҳри Нораки Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст.

Соли 1991 Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистонро, соли 2001 Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ва соли 2007 Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистонро хатм кардааст, аз соли 2018 аъзо-корреспонденти Академияи муҳандисии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Ихтисос — муҳандис-гидротехник, муҳандиси барқ, ҳуқуқшинос.
Аз соли 1985 то соли 1987 дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ хизмат кардааст.
Солҳои 1991-1992 – Муаллими кафедраи Истифодабарии иншооти обии факултаи гидромелиоративии Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон.
Солҳои 1992-2001 – Техник, муҳандис, устои калон, иҷрокунандаи сардори коргоҳи электротехникӣ, сардори коргоҳи иншооти обӣ-гидротехникии Нерӯгоҳи барқии обии Норак ба номи Турсун Улҷабоев.
Солҳои 2001-2002 – Мутахассиси минтақавии барқ дар лоиҳаи Фонди глобалии экологӣ «Идораи захираҳои об ва мубориза зидди намакҳо»-и Кумитаи иҷроияи Фонди байналмиллалии наҷоти Арал, шаҳри Тошканд.
Солҳои 2002-2008 – Намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кумитаи иҷроияи Фонди байналмиллалии наҷоти Арал, шаҳри Душанбе.
Солҳои 2008-2011 – Намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кумитаи иҷроияи Фонди байналмилалии наҷоти Арал, шаҳри Алмато.
Солҳои 2011-2013 – Мудири Шуъбаи экология ва ҳолатҳои фавқулоддаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе.
Солҳои 2013-2019 – Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе.
Аз моҳи январи соли 2019 – Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон.
Забонҳои хориҷӣ: — русӣ, англисӣ.
Вазъи оилавӣ – оиладор, соҳиби панҷ фарзанд.
Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2018 бо медали «Хизмати шоиста» сарфароз гардонида шудааст.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg