Шукурҷон Зуҳуров дар шаҳри Нурсултон бо ҳамтоёни худ мулоқот намуд

25.09.2019 16:55

Parlament-3.jpg

23 сентябр Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров дар ҳошияи ҷаласаи 4-уми Раисони парлумонҳои кишварҳои АвруОсиё дар шаҳри Нур-Султони Ҷумҳурии Қазоқистон бо як гурӯҳ раисони парлумонҳои мамлакатҳои дӯст мулоқот анҷом дод.

Шукурҷон Зуҳуров бо раисони парлумонҳои Қирғизистон Достон Ҷумабеков, Россия Вячеслав Володин, Молдова Зинаида Гречаний, Ӯзбекистон Нурдинҷон Исмоилов ва Афғонистон Мирраҳмон Раҳмонӣ гуфтугӯ намуд.

Раиси палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон ва Раиси Маҷлиси Ҷогорку Кенеши Қирғизистон сатҳи кунунии муносибатҳои ду мамлакатро баланд арзёбӣ намуда, масоили робитаҳои дуҷонибаи байнипарлумонӣ, инчунин ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсат, амният, иқтисоду иҷтимоиёт, энергетика ва ҳамлу нақлро баррасӣ карданд.

Зикр гардид, ки миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон имкониятҳои зиёди ҳамкорӣ мавҷуд буда, зарур аст онҳо ба нафъи ду ҷониб истифода шаванд.

«Раиси Маҷлиси намояндагон мавҷуд будани баъзе аз арзишҳои муштарак байни тоҷикону қирғизҳоро намунаи барҷастаи дӯстиву бародарӣ ва рафоқат маънидод карда, таъкид дошт, ки Тоҷикистон ва Қирғизистонро марзи муштарак, шомил будан ба созмонҳои бонуфузе, чун ИДМ, СҲШ, СААД ва лоиҳаи бузурги CASA-1000 бо ҳам муттаҳид кардааст».

Ҷонибҳо нақши парлумонро дар ҳалли масъалаҳои мутақобила, аз қабили мушкилоти сарҳадӣ, аломатгузории марзи давлатӣ, роҳу нақлиёт, рафтуомади озоди шаҳрвандон ва дигар масъалаҳо баланд арзёбӣ намуданд.

Бо дахли ҳамгироиҳои муштараки Тоҷикистону Қирғизистон барои таҳкими амну субот атрофи масъалаҳои сарҳадӣ гуфтугӯи судманд сурат гирифта, зарур шуморида шуд, ки Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон корро дар баррасии масъалаҳои амнияти сарҳадӣ пурзӯр намояд.

«Ҳалли масъалаҳои марбут ба сарҳад, ки имрӯз ҳарду давлатро ором гузошта наметавонад, барои мо як захмест, ки онро табобат мебояд. Барои ин кор таҳаммулпазирӣ лозим аст. Парлумонҳои ҳар ду мамлакат метавонанд дар ҳалли масъалаҳои зикршуда нақши ҳалкунанда ва калидӣ дошта бошанд».

Ёдовар мешавем, ки инчунин дар ин рӯз Шукурҷон Зуҳуров бо ҳамтоёни худ аз Россия, Молдава, Ӯзбекистон ва Афғонистон мулоқот анҷом дода, ҳамкории байнидавлативу байнипарлумониро дар ҳамаи самтҳо баррасӣ намуд.

Нигористон

Тақвим