Ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Нур-Султон

07.09.2019 17:02

001-624x468.jpg

7 сентябри соли 2019 дар бинои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Нур-Султон ба муносибати 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

Дар ҳамоиш Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон М.Сиздиков, роҳбарони воҳидҳои сохтории Вазорати корҳои хориҷӣ, роҳбарони намояндагиҳои дипломатии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва созмонҳои байналмилалӣ, ки дар ш.Нур-Султон қарор доранд, олимон, ходимони фарҳанг ва санъат, рӯзноманигорон, инчунин намояндагони диаспораи тоҷик, аз ҷумла донишҷӯёни тоҷики муқими Қазоқистон иштирок намуданд.

Чорабиниро Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон Хайрулло Ибодзода оғоз карда, аз дастовардҳои Тоҷикистон дар солҳои истиқлолият суханронӣ намуд.

Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон М.Сиздиков бо суханронии табрикотӣ баромад намуда, рушди муносибатҳои шарикии стратегӣ ва боварии байни ду кишварро таъкид намуд.

9 сентябри соли 2019, дар бинои Сафорат тамошои дастаҷамъонаи пахши мустақими чорабинӣ бахшида ба Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ифтитоҳи агрегати дуюми НБО Роғун, инчунин суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкил карда шуд.

002.jpg

003.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg