29 июни соли 2019 дар шаҳри Нур-Султон вохӯрии дуҷонибаии мақомотҳои авиатсионии Тоҷикистону Қазоқистон бо иштироки намояндагони ширкатҳои ҳавопаймоии «Эйр Астана» «SCAT» ва «Somon Air» баргузор гардид.
Тибқи қарордоди бадастомада, ширкатҳои ҳавопаймоии ду кишвар имконият ба даст оварданд, ки миёни шаҳрҳои Нур-Султон ва Душанбе дар як ҳафта 5 парвоз анҷом диҳанд.