30 июли соли 2019 Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон Хайрулло Ибодзода дар доираи сафари кории худ аз Ассамблея халқи Қазоқистон дар вилояти Ақмола дидан намуда, бо фаъолияти АХҚ ва марказҳои этникию фарҳангии вилоят шинос шуд. Зимни вохӯрӣ бо фаъолони Ассамблея ва намояндагони марказҳои этникию фарҳангӣ ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои фарҳангию гуманитарӣ дар сатҳи минтақавӣ ва таҳким бахшидан ба равобити халқҳои ду кишвар мубодилаи афкор сурат гирифт.
Хайрулло Ибодзода инчунин бо намояндагони диаспораи тоҷик ва шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар вилояти Акмола иқомат менамоянд вохӯрӣ анҷом дод. Зимни мулоқот Сафир дар назди ҳозирин дар бораи сиёсати иҷтимоиву иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тадбирҳои роҳбарияти кишвар ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи зиндагии шаҳрвандон ва чорабиниҳо баҳри рушд ва ободонии шаҳру навоҳии кишвар муфассал сухан ронд.
Раиси Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони вилояти Акмола Умар Шоназаров Сафирро бо фаъолияти ММФТ ҷиҳати инкишоф ва тарғиби фарҳанги тоҷикон ва нақшаҳои минбаъда дар ин ҷода шинос намуд.
Дар интиҳои сафари худ, Хайрулло Ибодзода аз ширкати “НОВОПЕК”, ки ба истеҳсоли халтаҳои полипропиленӣ ва зарфҳои мулоим машғул аст, боздид ба амал овард. Роҳбарии ширкати мазкурро зодаи Тоҷикистон Усмонов Миразиз ба ӯҳда дорад.