Таҷлили Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Нур-Султон

07.10.2019 18:41

5 октябри соли 2019 дар бинои Сафорат бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид.

Дар ҳамоиш намояндагони диаспораи тоҷик, шаҳрвандони Тоҷикистон, аз ҷумла донишҷӯёни тоҷик, ки дар муассисаҳои олии Ҷумҳурии Қазоқистон таҳсил мекунанд, иштирок намуданд.

Чорабиниро Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон Хайрулло Ибодхода оғоз карда, Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҳамватанон самимона табрик гуфт. Зимни суханронии худ Х.Ибодзода нақши хоссаи забони тоҷикиро дар раванди рушди таърихии халқи мо ва аҳамияти истифодаи пурраи онро, ба сифати забони давлатӣ дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятии Тоҷикистон таъкид намуд.

1.jpg

4.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg