Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон Х.Ибодзода ба Президенти Муғулистон эътимодномаи худро супорид

08.11.2019 15:57

7 ноябри соли 2019 дар шаҳри Улан – Батор маросими аз ҷониби Президенти Муғулистон қабул намудани эътимодномаҳои сафирони навтаъин дар кишвари мазкур баргузор гардид. Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрулло Ибодзода дар қатори ҳамтоёни худ аз Шоҳигарии Нидерланд ва Ҷумҳурии Эфиопия эътимодномаи худро ба сарвари Муғулистон Халтмаагийн Баттулга супорид.

Зимни сӯҳбати кӯтоҳ Х.Ибодзода паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Президенти Муғулистон иброз дошт. Х. Баттулга эҳтироми худро ба Сарвари давлати Точикистон изҳор намуда, таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба ва ҳамкориҳои бисёрҷабҳаи ду кишварро муҳим арзёбӣ намуд.

0-02-0a-198c7886c07026331617fdf8df824a6546107f3497f4fda7071f89aa0a838307-6ff9647f-1.jpg

0-02-0a-4f7d8ebb4f4eedaed7096cb7f22404c14d689e8c478f15cf6021cc5d03b9c445-26319dca.jpg

 

Нигористон

Тақвим