Ворид гаштани 5500-солагии Саразми бостонӣ ба Феҳристи бузургдоштҳои ЮНЕСКО

05.12.2019 17:41

12-28 ноябри 2019 дар Конфронси кулли ЮНЕСКО ба рӯйхати солгардҳои ЮНЕСКО, ки онҳоро дар сатҳи байналмилалӣ ҷашн хоҳанд гирифт, ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таҷлили 5500-солагии Саразм ва 700-солагии шоири номдор Камоли Хуҷандӣ бо иттифоқи оро пазируфта шуданд.

Шоёни зикр аст, ки маросими бузургдошти 5500-солагии таъсиси шаҳри бостонии Саразм 12 сентябри соли 2020  таҷлил хоҳад шуд.  

Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 сентябри 2001 Ёдгории Саразми шаҳри Панҷакент ҳамчун Маркази ташаккули тамаддуни кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон – «Мамнӯъгоҳи таърихиву бостоншиносии Саразм» эълон гардида, 31 июли 2010 бо пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ёдгории нодир аз ҷониби ЮНЕСКО ба Феҳристи мероси ҷаҳонии фарҳангӣ ворид гардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз Саразм боздид намуда, бо дастуру ҳидоятҳои созандаю фарҳангпарваронаи Сарвари давлат дар солҳои 2003-2008 панҷ ҳафриёти бостоншиносӣ дар мавзеи Саразм болопӯш шуд.

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg