«Тоҷикистон - Қазоқистон: 27 - солагии барқарсозии муносибатҳои дипломатӣ. Ҳолат ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба”

20.01.2020 17:30

Мизи мудаввар

«Тоҷикистон - Қазоқистон: 27 - солагии барқарсозии муносибатҳои дипломатӣ. Ҳолат ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба”

18 январи соли 2020 дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзӯи «Тоҷикистон - Қазоқистон: 27 - солагии барқарсозии муносибатҳои дипломатӣ. Ҳолат ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба” баргузор гашт.

Дар чорабинӣ намояндагони Вазорати корҳои хориҷӣ, Парлумони Ҷумҳурии Қазоқистон, Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон, намояндагони диаспораи тоҷикони Қазоқистон ва донишҷӯёни тоҷик, ки дар муассисаҳои олии шаҳри Нур Султон таҳсил менамоянд, ширкат варзиданд.

Зимни суханронии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон Х.Ибодзода, Директори Департаменти Иттиҳоди Давлатҳои Мустақили Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон У.А.Туреханов, Вакили Маҷлиси Парлумони Ҷумҳурии Қазоқистон Ю.И.Тимощенко, Сардори Шӯъбаи тадқиқоти байналмилалии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон А.К.Назарбетова, Муовини раиси Маркази фарҳангии тоҷикони вилояти Акмола С.Мирзораҳматов ва дигарон ҷанбаҳои гуногуни таҳкими муносибатҳои анъанавии дӯстона ва шарикии стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон, ҳамкории онҳо дар доираи созмонҳои байналмилалӣ, ҳолат ва дурнамои ҳамкории ду кишвар дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

DSC-0930.jpg

DSC-0901.jpg

 

Нигористон

Тақвим