Огоҳинома оид ба сомонаи қалбакии шабеҳ ба сомонаҳои расмии раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистон

05.03.2020 17:04

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон ба маълумоти шумо мерасонад, ки вақтҳои охир арзу шикоятҳои шаҳрвандони хориҷӣ вобаста ба фирефтаи доми фиреби сомонаи қалбакии https://www.tajikistanevisagov.com гардидани онҳо ҳангоми муроҷиат барои дастрас намудани раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мегарданд.

Дар заминаи ин шикоятҳо аён гардид, ки дар шабакаи интернет сомонаи шабеҳ ба сомонаҳои расмии Тоҷикистон, бо номи https://www.tajikistanevisagov.com амал карда, аз номи сомонаи расмии www.visa.gov.tj ва www.evisa.tj баромад менамояд ва шаҳрвандони кишварҳои хориҷиро фиреб карда, аз онҳо маблағ ситонида, дар натиҷа, возеҳан, ба онҳо ягон гуна раводид таҳия намекунад.

Дар ин росто, хоҳишмандем ҷиҳати пешгирии саривақтӣ аз фирефта шудан ҳангоми дархости раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз муроҷиат ба сомонаи болозикри қалбакӣ (яъне https://www.tajikistanevisagov.com) худдорӣ намоед.  

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg