Суҳбати телефонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон

08.10.2020 00:59

7 октябри соли 2020 байни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ сурат гирифт.

Дар рафти суҳбат Сарони ду давлат муколамаи худро атрофи масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ идома бахшиданд.

Дар ин зимн ҷонибҳо ҳодисаҳоеро, ки имрӯзҳо дар Қирғизистон сурат мегиранд, мавриди баррасӣ қарор дода, ҷиҳати бо роҳи музокирот ҳарчи зудтар дарёфт намудани роҳҳои ҳаллу фасли вазъияти бӯҳронии дар ин кишвари ҳамсоя баамаломада ибрози ақида намуданд.

Манбаъ: http://www.president.tj/node/24212

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg