Бозгашти шаҳрвандони Тоҷикистон аз Қазоқистон

31.07.2020 01:24

30 июли 2020 дар доираи иҷрои дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 260 нафар шаҳрванди Тоҷикистон, ки бино бар баста будани марзҳо дар гузаргоҳи «Жибек Жоли»-и сарҳади давлатии Ҷумҳурии Қазоқистон бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон муваққатан дармонда буданд, бо нақлиёти автомобилӣ ба Ватан баргардонида шуданд.

 Иқдоми мазкур дар ҳамкорӣ бо мақомоти марбутаи Қазоқистону Ӯзбекистон, инчунин Намояндагии минтақавии Созмони байналмилалии муҳоҷират дар Осиёи Марказӣ амалӣ гардид

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg