17 октябри соли 2020 дар ш. Алмаато вохӯрии Сафири Фавқуллода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон Хайрулло Ибодзода бо роҳбарияти Маркази забон ва фарҳанги тоҷик дар назди факултаи шарқшиносии Донишгоҳи миллии Қазоқистон доир гашт.
Зимни мулоқот Хайрулло Ибодзода китоби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон – “Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз ориён то Сомониён”-ро, ки чанде пеш бо забони қазоқӣ дар ш. Нур-Султон нашр шудааст, муаррифӣ ва чанд нусхаи онро ба Марказ тақдим намуд.
Дар доираи вохӯрӣ инчунин масоили ҳамкорӣ бо Маркази забон ва фарҳанги тоҷик дар самти рӯнамоии бештари таъриху фарҳанги тоҷик дар Қазоқистон ва дар соли 2021 баргузор сохтани силсилаи чорабиниҳои якҷоя, бахшида ба 30-солагии Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, баррасӣ гардиданд.