Оид ба раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай дар солҳои 2020-2021

20.02.2021 15:29

10 ноябри 2020 Ҷумҳурии Тоҷикистон раёсат дар СҲШ-ро аз Федератсияи Русия қабул кард.

Раёсати кишвар ба 20-солагии таъсис ёфтани Созмон рост меояд.

Дар Тоҷикистон Кумитаи тадорукот таҳти роҳбарии Сарвазири ҷумҳурӣ муҳтарам Қоҳир Расулзода фаолият мекунад.

25 феврали 2019 Раиси Шӯрои сарони давлатҳои СҲШ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Нақшаи чорабиноҳо оид ба омодагӣ ва баргузории ҷаласаи ҷашнии Шӯрои сарони давлатҳои СҲШ-ро тасдиқ намуданд.

8 октябри 2020 аз ҷониби Роҳбари давлат Консепсияи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СҲШ дар солҳои 2020-2021 тасдиқ гардид. Тибқи Консепсия Нақшаи чорабиниҳои асосӣ ва Нақшаи чоранибиниҳои дохилидавлатӣ таҳия шудаанд, ки зиёда аз 100 чорабиниро дар бар мегирад. Баргузории аксари он чорабиниҳо дар Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст.

28 декабри 2020 муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи 20-солагии СҲШ-ро тасдиқ карданд.

Дар Вазорати корҳои хориҷӣ Ситод оид ба баргузории ҷаласаи ҷашнии СҲШ фоалият дорад.

Раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СҲШ мувофиқ бо санадҳои асосии Созмон амалӣ шуда, ба татбиқи пай дар пайи шартномаҳои байналмилалӣ, қарорҳо ва ҳуҷҷатҳои барномавии қабулшуда ва мувофиқаҳое, ки дар санадҳои ниҳоии ҷаласаҳои Шӯрои сарони давлатҳо ва Шӯрои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои СҲШ бо мақсади рушди батадриҷи Созмон дарҷ шудаанд, равона гардидааст.

Раёсати Тоҷикистон дар СҲШ ба усулҳои баробарӣ, давомат, ҳусни тафоҳум ва эҳтироми фикри ҳар давлати узви СҲШ асос ёфтааст.

Шиори раёсати Тоҷикистон дар СҲШ: «20 соли СҲШ: ҳамкорӣ баҳри субот ва шукуфоӣ».

Ҳадафҳои асосии раёсати Тоҷикистон дар СҲШ чунин мебошанд:

  • таҳкими дӯстӣ ва ҳамҷавории нек байни давлатҳои аъзои СҲШ;
  • рушди минбаъдаи «руҳияи Шанхай»;
  • нигаҳдории сулҳ, амният ва субот дар минтақа;
  • густариши ҳамкориҳо дар соҳаҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ;
  • таҳкими эътибор ва тақвияти мавқеи байналмилалии СҲШ;
  • такмили заминаи шартномавӣ ва ҳуқуқии Созмон;
  • тавсеаи абзорҳои ҳамкорӣ.

Барои татбиқи ҳадафҳои раёсати Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо дигар кишварҳои аъзои СҲШ иҷрои як зумра вазифаҳо дар самтҳои зерини рӯзномаи Созмон ба нақша гирифта шудааст.

Дар самти сиёсӣ:

  • таҳкими мутаҳҳидшавии дохилӣ ва боварии мутақобила;
  • ҳамоҳангсозии мавқеъҳо оид ба масъалаҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ, ки ба манфиатҳои СҲШ дахл доранд;

Дар ин росто, дар Душанбе баргузории Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ ва Ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои СҲШ дар назар аст.

Дар самти таъмини амният:

  • мусоидат ба тақвияти ҳамкориҳо дар масъалаҳои мубориза бо терроризм, сепаратизм ва экстремизм, муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ва ҷинояткории муташаккилонаи фаромарзӣ;
  • андешидани тадбирҳои лозим ҷиҳати татбиқи ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъсис додани Маркази зидди маводи нашъаовари СҲШ дар шаҳри Душанбе;

Ба ин муносибат, дар Тоҷикистон Вохӯрии котибони шӯроҳои амнияти давлатҳои аъзои СҲШ, Машварати вазирони мудофиа ва Машварати роҳбарони мақомоти салоҳиятдори давлатҳои аъзои СҲШ, ки барои мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ваколатдор шудаанд, баргузор хоҳанд шуд.

Дар самти иқтисодӣ:

  • таҳия ва қабул намудани Нақшаи чораҳои аввалиндараҷаи амалӣ барои солҳои 2020-2021 оид ба рафъи паёмадҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, молиявӣ ва озуқавории паҳншавии коронавируси нав COVID-19 дар минтақа;
  • таҳия ва қабули Консепсияи дар паҳнои СҲШ таъсис додани минтақаҳои рушди иқтисодӣ;
  • мусоидат ба пешбурди масъалаи истифодаи васеи имкониятҳои транзитии давлатҳои аъзо;
  •  мусоидат ба густариши ҳамкориҳо миёни Шӯрои кории СҲШ ва Иттиҳодияи байнибонкии СҲШ, роҳандозии ҳамкории онҳо бо институтҳои байналмилалии молиявӣ, такмил додани заминаи шартномавӣ ва ҳуқуқӣ;
  • мусоидат ба рушди бизнес-инкубаторҳо дар паҳнои СҲШ бо мақсади дастгирии стартап-лоиҳаҳо.

Ба ин мақсад дар ҷумҳурӣ Ҷаласаи Раёсати Шӯрои кории СҲШ, Ҷаласаи Шӯрои Иттиҳодияи байнибонкӣ, Форуми иқтисодӣ, Вохӯрии вазирони молия ва раисони бонкҳои марказӣ (миллӣ), Машварати вазирони нақлиёт, Машварати вазирони саноат, Машварати вазирони энергетика ва Машварати вазирони кишоварзии давлатҳои аъзои СҲШ  бо иштироки роҳбарони вазорату идораҳо оид ба амнияти озуқаворӣ, хадамоти байторӣ, карантинӣ ва санитарӣ ба нақша гирифта шудааст.

Дар самти гуманитарӣ:

  • мусоидат ба густариши ҳамкориҳо байни марказҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва таҳлилии давлатҳои аъзои СҲШ;
  • мусоидат ба ҳамкориҳо дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангии минтақаи СҲШ;
  • мусоидат ба рушди ҳамкориҳо дар соҳаи синамогарӣ;
  • баррасии масъалаи дар рафти саммити ҷашнии 20-солагии СҲШ қабул намудани суруди Созмон;
  • мусоидат ба пешбурди масъалаҳои баробарии гендерӣ дар чорчӯби СҲШ ва тавсеаи ҳуқуқҳо ва имкониятҳои занон ва духтарон.

Вобаста ба ин, дар Тоҷикистон баргузории Машварати вазирони фарҳанг, Машварати вазирони адлия, Машварати вазирони тандурустӣ, Машварати роҳбарони хадамоти давлатҳои аъзои СҲШ, ки барои таъмини беҳдошти санитарию эпидемиологӣ масъуланд, Машварати роҳбарони идораҳои огоҳӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода, Вохӯрии роҳбарони маъмурияти сайёҳӣ, Фестивали хӯрокҳои миллии кишварҳои СҲШ, Форуми сайёҳӣ, Ниммарафони СҲШ дар шаҳри Душанбе, Форуми роҳбарони васоити ахбори омма ва Форуми занҳо дар назар аст.

Дар самти байналмилалӣ:

  • таҳкими эътибори СҲШ дар арсаи байналмилалӣ;
  • густариши ҳамкориҳои амалии СҲШ бо созмонҳои минтақавии шарик, пеш аз ҳама бо СААД, ИДМ, СҲИ, МҲТБО ва АСЕАН;

Ба ин муносибат Тоҷикистон ният дорад дар Ню-Йорк чорабинии муштараки сатҳи баланд оид ба ҳамкорӣ байни СҲШ ва СММ ва ҷаласаи гурӯҳи тамоси «СҲШ-Афғонистон»-ро дар Душанбе баргузор кунад. Инчунин чораҳои лозим барои қабули қатъномаи «Ҳамкорӣ байни Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони ҳамкории Шанхай» дар рафти иҷлоси 75-уми Маҷмаи Умумии СММ андешида мешаванд.

Аз 26 то 29 январи 2021 дар Душанбе таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи якуми Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд.

Ҳайатҳои иштироккунанда масъалаҳои омодагӣ ба баргузории ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои узви (ШСД) СҲШ (16-17 сентябри 2021)-ро муфассал баррасӣ карда, дар бораи лоиҳаҳои Рӯзнома ва Номгӯи санадҳои дар рафти ШСД СҲШ қабулшаванда табодули назар намуданд.

Ҷонибҳо лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳои асосии СҲШ барои соли 2021-ро баррасӣ намуда, Барномаи ҳамкориҳо байни вазоратҳои корҳои хориҷии давлатҳои узви СҲШ-ро барои соли ҷорӣ тасдиқ карданд.

Дар рафти ҷаласа дар хусуси давраи нави ҷойивазунии роҳбарони мақомоти доимамалкундаи СҲШ аз 1 январи 2022 ва дигар масъалаҳои рӯзмараи Созмон низ табодули афкор сурат гирифт.

Баргузории ҷаласаи ҷашнии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ (саммит) 16-17 сентябри 2021 дар Душанбе дар назар аст.

Нигористон

Тақвим