Иштироки Сафир дар Конфронси байналмилалии маҷозӣ зери унвони «Саммити САҲА 2010 дар Остона: аҳамияти таърихӣ ва мубрамият»

20.02.2021 15:33

19 феврали соли 2021, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон Х. Ибодзода дар Конфронси байналмилалии маҷозӣ зери унвони «Саммити САҲА 2010 дар Остона: аҳамияти таърихӣ ва мубрамият», ки ба муносибати 10-умин солгарди САҲА ва 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Қазоқистон бахшида шудааст, ширкат варзид.

Мушовири Нахустпрезиденти Ҷумҳурии Қазоқистон ҷаноби А. Капанович паёми табрикии Нахустпрезиденти Ҷумҳурии Қазоқистон - Елбаси Н. А. Назарбоевро ба унвони иштирокчиёни Конфронс ироа намуд. Бо суханони табрикӣ, инчунин Раиси амалкунандаи САҲА, Вазири корҳои хориҷии Шветсия хонум Анн Линде, Муовини Сарвазир – Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон ҷаноби М. Тлеубердӣ, Котиби генералии САҲА хонум Хелга Шмид баромад намуданд.

Зимни суханрониҳои иштирокчиён нақш ва аҳамияти баргузории Саммити САҲА – 2010 дар рафъи ихтилофҳои сиёсии байналмилалӣ, натиҷаҳои Қатъномаи Остона, ҳамчунин масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ дар манзари фаъолияти САҲА дар соҳаи амният зикр карда шуданд.

Нигористон

Тақвим