Тавсеаи ҳамкориҳои Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои саноат ва логистика

26.02.2021 14:31

25 феврали соли 2021 дар ш. Нур-Султон вохӯриҳои Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир бо Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон А. Мамин, ҳамраиси Комиссияи байниҳкукматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкориҳо Р. Скляр, Вазири саноат ва рушди инфрасохторӣ Б. Атамкулов, Вазири энергетика Н. Ногаев, Вазири савдо ва ҳамгироӣ Б. Султанов, инчунин роҳбарони як қатор ширкатҳои саноатии Қазоқистон баргузор гаштанд.

Дар рафти вохӯриҳо ҷонибҳо масъалаҳои рушду тавсеаи ҳамкориҳои дуҷонибаро дар соҳаҳои саноати сабук ва куҳию металлургӣ, истеҳсоли автомошинаҳо, инчунин логистика баррасӣ намуданд.

Аз натиҷаи гуфтушунидҳо Протоколи дахлдор ҷиҳати амалисозии қарордоҳои бадастовардашуда ба имзо расонида шуд.

Нигористон

Тақвим