Вохӯрӣ бо Сафири Шоҳигарии Нидерланд дар Тоҷикистон

27.02.2021 01:07

26 феврали соли 2021 вохӯрии Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон Х. Ибодзода бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Шоҳигарии Нидерланд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (қароргоҳ дар ш. Нур-Султон) А. Карстенс  баргузор гардид.

Зимни мулоқот масоили таҳким ва густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои гуногун, инчунин масъалаҳои омодагӣ ба баргузории Конфронси СММ – 2023 дар доираи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», баро солҳои 2018-2028» баррасӣ шуданд.

Дар фарҷоми вохӯрӣ Х. Ибодзода ба ҷаноби А. Карстенс китоби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикон дар оинаи таърих»-ро тақдим намуд.

Нигористон

Тақвим