Мулоқоти муовинони вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Афғонистон

01.03.2021 18:10

1 марти 2021 мулоқоти Муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ бо Муовини сиёсии вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Мирвайс Ноб, ки бо сафари корӣ дар кишвари мо қарор дорад, доир гардид.

Дар мулоқот масъалаҳои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Афғонистон дар заминаҳои гуногун ва раванди омодагӣ ба Нуҳумин Конфронси вазирони “Қалби Осиё-Раванди Истанбул”, ки 29-30 марти 2021 дар Душанбе баргузор мешавад, баррасӣ гардиданд.

Нигористон

Тақвим