Вохӯри бо Ҳокими вилояти Карагандаи Ҷумҳурии Қазоқистон

10.03.2021 01:35

9 марти соли 2021 дар ш. Караганда вохӯрии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрулло Ибодзода бо Ҳокими вилояти Карагандаи Ҷумҳурии Қазоқистон Қасимбек Женис Махмудули баргузор гашт.

Зимни мулоқот масъалаҳои бар роҳ мондани ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қазоқистон дар сатҳи минтақаҳои ду кишвар дар соҳаҳои иқтисодию тиҷоратӣ, илмию фарҳангӣ, инчунин ҷалби сармоя ва туризм мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҷонибҳо тасмим гирифтанд, ки ҷиҳати таҳкиму тавсеаи минбаъдаи равобити дуҷониба дар соҳаҳои болозикр ҳамкориро идома хоҳанд дод.

Нигористон

Тақвим