Мулоқоти Сафири Тоҷикистон бо Муовини Ҳокими шаҳри Алмаато

10.03.2021 15:30

10 марти соли 2021 вохӯрии Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон Хайрулло Ибодзода бо Муовини  Ҳокими шаҳри Алмаато Кикимов Максат бо ҷалби роҳбарони раёсатҳои дахлдори ҳокимияти шаҳрӣ баргузор гашт.

Дар рафти сӯҳбат доираи васеи масъалаҳои робитаҳои дуҷониба, аз ҷумла густариши ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва фарҳангию гуманитарӣ, гузаронидани бизнес-форумҳо ва ба роҳ мондани воридоти маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон ба шаҳри Алмаато, баррасӣ карда шуданд.

Нигористон

Тақвим