Вохӯрии Сафири Тоҷикистон дар Қазоқистон бо намояндагони диаспора, муҳоҷирони меҳнатӣ ва донишҷӯёни тоҷик

10.03.2021 21:39

10 марти соли 2021 дар бинои Консулгарии генералии Тоҷикистон дар ш. Алмаато вохӯрии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон Хайрулло Ибодзода бо намояндагони диаспора, муҳоҷирони меҳнатӣ ва донишҷӯёни тоҷик баргузор гашт.

Зимни мулоқот Сафир дар бораи сиёсати иҷтимоию иқтисодии Ҳукумати Тоҷикистон, вазъи мушкили ҷаҳон ва ситезаҳои фарогир ба амнияти байналмилаливу минтақавӣ сухан ронда, ҳамзамон бо ҳозирин роҳҳои ҳалли мушкилоти муҳоҷирони меҳнатӣ ва донишҷӯёни тоҷик дар Қазоқистон дар давраи пандемия баррасӣ намуд. 

 

 


 

 

 

 

 

 

Нигористон

Тақвим