Иштироки Сафири Тоҷикистон дар Қазоқистон дар иди байналмилалии Наврӯз

12.03.2021 00:56

11 марти соли 2021 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон Х. Ибодзода дар ҷашни Иди байналмилалии Наврӯз, ки дар ш. Тарази вилояти Ҷамбул баргузор гашт, иштирок намуд.

Зимни баромади худ Х.Ибодзода дар бораи таърихи ин ҷашни бостонӣ, аз ҷониби Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид эълон шудани Наврӯз ҳамчун ҷашни байналмилалӣ ва ба ҳайси мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО пазируфтани он, сухан гуфт.

Сафир нақши Наврӯзро дар таҳкими робитаҳои байни халқҳо бар пояи эҳтироми ҳамдигар, ормонҳои сулҳу субот таъкид намуда, бо истифода аз фурсат иштирокчиени чорабиниро ба муносибати фарорасии ин ҷашни байналмилалӣ муборакбод намуд.  

 

Нигористон

Тақвим