Сафари кории Сафир ба ш.Чимкент

12.03.2021 16:54

Рӯзи 12 марти соли 2021 Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон Хайрулло Ибодзода дар ҷараёни сафари кории худ ба минтақаҳои кишвари иқомат бо Ҳокими шаҳри Чимкент Мурат Айтенов вохӯрӣ анҷом дод.

Зимни мулоқот масъалаҳои таҳкими робитаҳо миёни шаҳрҳои Чимкент ва Хуҷанд, ки бо ҳам бародаршаҳр ҳастанд мавриди муҳокима қарор гирифтанд.  Ҷаноби Мурат Айтенов аз сатҳи муносибатҳо миёни бародаршаҳрҳо қаноатмандӣ изҳор карда, ҳамзамон ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои муттақобилан судманд бо дигар минтақаҳои Тоҷикистон ибрози омодагӣ намуд.

Дар доираи сафар Х. Ибодзода аз як қатор корхонҳои саноатии шаҳр дидан намуда, бо фаъолияти онҳо шинос шуд.

Нигористон

Тақвим