Вохӯрии Сафир бо тоҷикони муқими шаҳри Костанай

26.03.2021 01:42
 
25 марти соли 2021 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон Х. Ибодзода дар ҷараёни сафари кории худ ба ш. Костанайи Ҷумҳурии Қазоқистон бо намояндагони диаспора ва муҳоҷирони меҳнатии тоҷик вохӯрӣ анҷом дод.
Зимни мулоқот Сафир Х. Ибодзода дар бораи сиёсати иҷтимоию иқтисодии Ҳукумати Тоҷикистон сухан ронда, бо ҳозирин масъалаи фаъолсозии ширкати диаспораи тоҷик дар таҳкими робитаҳои фарҳангии Тоҷикистону Қазоқистон ва ҳалли мушкилоти муҳоҷирони меҳнатиро баррасӣ намуд.

Нигористон

Тақвим