Сафари кории Ш. Кабир ба вилояти Костанайи Қазоқистон

26.03.2021 01:48
25 марти соли 2021 Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. Кабир зимни сафари кории худ ба ш. Костанайи Ҷумҳурии Қазоқистон бо ҳокимони вилоятҳои Костанай ва Қарағанда вохӯрӣ доир намуд. Дар гуфтушунидҳо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон Х. Ибодзода ширкат варзид.
Зимни мулоқотҳо масъалаҳои рушди робитаҳои дуҷонибаи иқтисодию тиҷоратӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҷонибҳо ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар соҳаҳои саноат, чорводорӣ, инчунин афзоиши содироти ашёи хом барои талаботи ҶСК “Талко” ва гандум ба Тоҷикистон ҳавасмандӣ изҳор намуданд.
Дар доираи Сафар вохӯриҳои ҳайати тоҷикистонӣ бо Директории генералии ширкати “Татнефть”, Президенти Дафтари минтақавии ширкати “KIA Motors Rus & CIS” Ҷин Ҳа Ким, Директори генералии ширкати “КАМАЗ” ва Директори ҶС “Корхонаи тракторбарории Петербург” С. Серебряков доир гаштанд. Дар рафти мулоқотҳо масъалаҳои васли автомашинаҳои навъи “KIA”, мошинҳои дизелии навъи “Камаз”, истеҳсоли шинаҳои автомобилӣ дар қаламрави Тоҷикистон, инчунин лизинги тракторҳои истеҳсоли ҶС “Корхонаи тракторбарории Петербург” муҳокима гардиданд.

Нигористон

Тақвим