Сафари кории Ш. Кабир ба ш. Алмаато

28.03.2021 01:54
 
27 марта соли 2021 Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. Кабир ҳамроҳ бо Вазири саноат ва рушди инфрасохтории Ҷумҳурии Қазоқистон Б. Атамкулов ба ш. Алмаато сафари корӣ анҷом дод.
Дар доираи сафар Ш. Кабир бо ҳамтои қазоқистонии худ аз минтақаи саноатии “Алмаато”, минтақаи озоди иқтисодии “ПИТ”, ҶДММ “Hyundai Trans Kazakhstan”, ҶДММ “КСМ Техновид”, ҶДММ “КМК Investment”, ҶДММ “Элтекс Алатау”, ҶДММ “ATI Group” дидан намуда, бо фаъолияти онҳо шинос шуд.
Зимни мулоқотҳо бо роҳбарияти корҳонаҳои мазкур масъалаи ба роҳ мондани ҳамкориҳои муттақобилан судманд ва бунёди корхонаҳои муштарак дар қаламрави Тоҷикистон баррасӣ карда шуданд.
 

Нигористон

Тақвим