29 апрели соли 2021 вохӯрии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрулло Ибодзода бо Директори Институти тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон З. К. Шаукенова баргузор гардид.
Дар рафти мулоқот миёни ҷонибҳо оид ба масоили марбут ба рушди робитаҳо дар соҳаи маориф ва илми Тоҷикистону Қазоқистон мубодилаи афкор сурат гирифт. Дар ҳамин қарина масъалаи ба роҳ мондани ҳамкорӣ миёни ниҳодҳои илмӣ-тадқиқотии ду кишвар, аз ҷумла миёни Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Тоҷикистон ва Институти тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон матраҳ гардиданд.