14 майи соли 2021 вохӯрии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрулло Ибодзода бо Вазири экология, геология ва захираҳои табиии Ҷумҳурии Қазоқистон Магзум Мирзагалиев баргузор гардид.
Дар рафти мулоқот миёни ҷонибҳо масоили марбут ба рушди робитаҳои Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуданд. Инчунин, ҷонибҳо оид ба имконияти таҳкими ҳамкориҳо дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва барномаҳои дахлдори онҳо, аз ҷумла Фонди байналмилалии наҷоти Арал ва Маркази минтақавии экологии Осиёи Марказӣ мубодилаи афкор намуданд.
Дар фарҷоми мулоқот ҷаноби М. Мирзагалиев даъвати ҷониби Тоҷикистонро барои иштирок дар Машварати роҳбарони вазорату идораҳои ҳифзи муҳити зисти давлатҳои Созмони ҳамкориҳои Шанхай ва Конфронси 4-уми Осиёи Марказӣ оид ба тағйирёбии иқлим, ки баргузории онҳо 26-29 июли соли 2021 дар ш. Душанбе дар назар дошта шудааст, бо камоли мамнуният пазируфт.