13 августи соли 2021 вохӯрии Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон Х. Ибодзода бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Эстония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (қароргоҳ дар ш. Нур-Султон) Т. Тирс баргузор гардид.
Зимни мулоқот масоили таҳким ва густариши ҳамкориҳо дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла мубодилаи таҷриба дар бахши рақамикунонӣ, ҷорӣ намудани ҳукумати электронӣ ва танзими масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ баррасӣ шуданд.