Сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Қазоқистон

23.09.2021 19:40

23 сентябри соли 2021 сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Қазоқистон оғоз гардид.

Зимни сафар ба Қазоқистон Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро раисони кумитаҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муовини Раиси шаҳри Душанбе, Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ намуданд. Дар фурудгоҳи байналмилалии Нурсултон Назарбоев Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон Хайрулло Ибодзода, Муовини Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон Аскар Шокиров ва дигар намояндагони расмӣ самимона истиқбол гирифтанд.

Худи ҳамон рӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо нишони эҳтиром ба таъриху тамаддун ва ваҳдату ягонагии мардуми кишвари дӯсти Қазоқистон дар шаҳри Нур-Султон дар назди Маҷмааи «Муҳофизони Ватан» гулчанбар гузошта, бо лаҳзаи хомӯшӣ хотираи шаҳидони роҳи озодии Ҷумҳурии Қазоқистонро пос доштанд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg