Вохӯрии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ва Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон Маулен Ашимбаев

23.09.2021 01:45

23 сентябри соли 2021 музокироти васеи ҳайатҳои ҷонибҳо таҳти роҳбарии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон доир гардид.

Дар рафти мулоқот вазъи имрӯзаи робитаҳои байнипарламентӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои ҳамкорӣ бо Сенати Парламенти Қазоқистон ба таври муфассал муҳокима карда шуданд.

Таъкид гардид, ки ҷониби Тоҷикистон ба рушди ҳамкории мутақобилан судманд бо Парламенти Қазоқистон дар доираи Ассамблеяи Парламентии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Ассамблеяи Байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Муcтақил ва Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карда, ҷонибдори боз ҳам фаъол гардонидани ин робитаҳо мебошад.

Ҷонибҳо зимни мулоқот оид ба рушду густариши муносибатҳои ду кишвар дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ ва ҳамкорӣ дар соҳаи ҳарбиву техникӣ табодули андеша карданд.

Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон баимзорасониданд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg