Вохӯрии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Ҳокими шаҳри Нур-Султон Алтай Кулгинов

23.09.2021 20:02

Дар идомаи сафари расмӣ Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Ҳокими шаҳри Нур-Султон муҳтарам Алтай Кулгинов мулоқот анҷом доданд.

Зимни мулоқот масъалаҳои мубрами вазъи имрӯзаи ҳамкории мутақобилан судманди Тоҷикистону Қазоқистон, аз ҷумла дар сатҳи мақомоти маҳаллии ҳокимият мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҷонибҳо ба масъалаҳои табодули таҷрибаи идораи хоҷагидории шаҳрӣ, инфрасохтори нақлиёт, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, инчунин рушди ҳамкории иқтисодӣ дар самти тиҷорат, саноат, сайёҳӣ, фарҳангӣ, ҷавонон ва варзиш таваҷҷуҳи хоса зоҳир карданд.

Дар фарҷоми музокираҳо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Ҳокими шаҳри Нур-Султон муҳтарам Алтай Кулгинов Ёддошти тафоҳумро оид ба истиқрори муносибатҳои бародаршаҳрӣ миёни шаҳрҳои Душанбе ва Нур-Султон ба имзо расониданд.

Баъд аз музокирот ҷонибҳо аз аз Пажӯҳишгоҳи тадқиқотиву лоиҳакашии «АстанаГенплан» боздид ба амал оварданд. Иттилоъ дода шуд, ки мақсади асосии фаъолияти Пажӯҳишгоҳи тадқиқотиву лоиҳакашии «АстанаГенплан» баланд бардоштани самаранокии фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ ва тақвияти нақши илми ҳуқуқ дар таъмини рушди иҷтимоиву иқтисодӣ, ширкат дар таъмини баҳисобгирии ягонаи давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Қазоқистон, пешбурди Феҳристи давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Қазоқистон, Бонки намунавии назоратии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Қазоқистон, маҳзани ягонаи маълумоти тадқиқоти таҳлиливу иҷтимоии мақомоти давлатии Ҷумҳурии Қазоқистон, ки аз буҷети ҷумҳуриявӣ маблағгузорӣ карда мешаванд ва таъмини фаъолияти низоми иттилоотӣ, ки ба дастрасии мақомоти давлатӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ба иттилои ҳуқуқӣ бо истифода аз технологияҳои компютерӣ мусоидат менамояд, ба ҳисоб меравад.

Худи ҳамон рӯз ҳамчунин Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз Маркази мониторинг ва вокуниши фаврии «IKOMEK»-и Акимати шаҳри Нур-Султон дидан намуданд. Акими шаҳри Нур-Султон оид ба фаъолияти Маркази мазкур маълумот дода, цайд намуд, ки он бо реҷаи шабонарӯзӣ фаъолият карда, ҳамаи марказҳои тамоси муассисаҳои коммуналии шаҳрро мепайвандад ва бо ҳамин тариқ нуқтаи марказии робита бо аҳолӣ ба шумор меравад.

                               

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg